zoofirma.ru

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон дар доираи даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) оид ба футбол санаи 30-юми июни соли ҷорӣ вохӯрии дастаҳои “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ба вуқӯъ пайваст.

Қисми аввалӣ бозӣ ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Бозингарони дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, имкониятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷа ҳуҷумкори даста Салоҳиддин Одиназода ба задани 3 тӯб ба дарвозаи ҳариф мушарраф гардид. Бозингарони дастаи меҳмон низ кӯшиши зиёд намуда дар қисми аввал ба задани як тӯб ноил гардиданд. Бо натиҷаи 3 – 1 қисми аввали бозӣ ба охир расид.

Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони дастаи “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ташаббусро ба даст гирифта голи дуюми худро ба ҳадаф расондиданд. Пас аз голи меҳмонон бозӣ ранги дигар гирифт ва дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайиҳам футболбозони гулистонӣ ба задани 2 голи дигар даст ёфтанд, ки голҳоро ҳуҷумгарон Салоҳиддин Одиназода ва Ранҷид Ёрматов ба ҳадаф расониданд.

Ҳаминтавр, пас аз даври нуҳум анҷоми марҳилаи аввали чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бо 24 хол пешсафи худро дар ҷадвали мусобиқа устувортар нигоҳ дошт.

Роҳбарияти шаҳр ба варзиш ва махсусан ба рушди футбол таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар бозиҳои даста Раиси шаҳр муҳтарам Бахтиёр Саидаҳмадзода ба варзишгоҳ ташриф оварда бозиро аз наздик тамошо мекунанд. Ҳамчунин ба варзишгоҳ теъдоди зиёди сокинон барои тамошои бозӣ ҳозир гардида буданд, ки ин дастгирӣ ба футболбозони даста рӯҳияи тоза мебахшад ва онҳо бозии ҷолибро нисори мухлисон мекунанд.

Дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон барои садрнишинӣ дар ҷадвали мусобиқа  талош меварзад ва умед аст, ки дар минтақаи Суғд ба қаҳрамонӣ даст ёфта, роҳи худро барои фатҳи қуллаҳои нав боз мекунад.