zoofirma.ru

Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии  бемории сироятии коронавирус Ковид – 19 дар шаҳри Гулистон аъзои ситоди шаҳрӣ масъулини бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ноболиғон ва маркази санитарию эпидемиологӣ ба сокинони шаҳр дар нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва кӯчаву маҳал корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ба сокинон таъкид гардид, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам беҳуда гашту гузор нанамоянд, ҳангоми зарурат ва гашту гузор аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд, гигиенаи шахсӣ ва тавсияи табибонро риоя намоянд. Бо ин роҳ худ ва атрофиёнро аз сирояти коронавируси Ковид – 19 эмин нигоҳ доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус Ковид – 19 тадбирҳои заруриро андешидааст ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ бомаром идома меёбанд.

 

Аз сокинон низ даъват ба амал оварда мешавад, ки барои ҳифзи саломатии худ беаҳамият набошанд, чун илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд.

https://scontent.fdyu1-1.fna.fbcdn.net/v/t1.6435-9/209714753_4474029549297837_1101536748903454508_n.jpg?_nc_cat=103&ccb=1-3&_nc_sid=730e14&_nc_eui2=AeEryILlsH6X_9szQ9TeqyhrZvc8m3vhik5m9zybe-GKTixSPko4qXVQ-TJumU2BpsLfhJc8JvvUHSzIikd5ZLxu&_nc_ohc=HXX-hNGDUu4AX_BjMnj&tn=fViAPGA6ZdBuvEtC&_nc_ht=scontent.fdyu1-1.fna&oh=455e738c696176108feee1e80b9995f2&oe=60E1C542