zoofirma.ru

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба масъалаҳои  банақшагирӣ, муайян намудани вазифаҳо, омодагии нуқтаҳои қабули эвакуатсионӣ, таъмин намудани нақлиёт барои эвакуатсияшавандагон доир гардид.

Ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ифтитоҳ бахшид. Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов доир ба сохтори ташкилӣ-ҳуқуқии Комиссияи эвакуатсионии шаҳр маърӯза намуд. Зикр карда шуд, ки бо мақсади ташкили омодагӣ ва гузаронидани ҷойгиркунӣ, эвакуатсияи аҳолӣ ва арзишҳои моддӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми таҳдиди истифодаи воситаҳои ҳозиразамони зарбазананда аз тарафи душман Комиссияи эвакуатсионӣ ҳамчун мақоми идора дар низоми мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон таъсис дода шудааст.

Сипас аъзои комиссия нақшаи чорабиниҳои эвакуатсиониро тасдиқ намуданд.