zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон баргузор гардид. Дар озмун зиёда аз 40 нафар иштирокчиён аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Гулистон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагии жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи ниҳоӣ 25 нафар иштирокчиён ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, - Муин Раҳматов, Зайнура Усмонова, Рустам Раҳмонов, Мирҷони Меҳрубон, Азамат Тиркашев, Паҳлавон Усмонов, Суҳроб Абдувоситов, Чеҳрон Кенҷаев, Муҳсинҷон Қаландаров, Шоҳраҷаб Эркаев, Ҷонибек Эркаев, Ҳусенҷон Муротов, Ҳалимҷон Олимов, Фарангис Толибова, Элвира Нурова, Ганҷина Бобоева, Ҷовидон Раҳматуллоев, Ҷасур Исмоилов, Фарида Намозова,  Дмитрий Шамахмадов, Ҳабиб Латифзода, Бахтиёр Нарзиев, Сайфулло Саидов, Абдураҳим Абдураҳимов ва Ҷамшед Юсупов.

Инчунин ба 15 нафар иштирокчиёни фаъол ва омӯзгорон сипоснома ва туҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.