zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр гардид, ки тибқи иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудани шаҳрвандон ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки  ҳамоҳангии  фаъолияти сохторњои дахлдорро дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиени шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ,  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус андешидани  чораҳои зарурӣ ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.