zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон фестивал-озмуни шаҳрии “Ҷилваи рангҳо” бо мақсади муаррифии сарулибоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди саноати сабук, арҷ гузоштан ба фарҳанги либос ва ҳунари волои халқи тоҷик дар дўхти либосҳои миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни  либосу матоъҳои миллӣ ва муосири кўдакону наврасон, духтарону ҷавонон, бахшида ба  солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки бонувон ва духтарон, кормандони ташкилоту корхонаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Фестивал-озмуни шаҳрии “Ҷилваи рангҳо” аз рўи бахшҳои муайянгардида  гузаронида шуда дар бахши намоиши либосҳои кўдакона Меҳрнӯш Бойматова, Амина Боқиева дар бахши либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодбошӣ Солеҳа Маҷидова, Мафтуна Ғаниева, Фарангис Абдувоҳидова дар бахши либосҳои маросимӣ ва идона Алямира Музаффарова, Камила Раҳмонова, ва Мафтуна Тошматова, дар бахши либосҳои расмӣ ва рўзмарра Гулноза Мирсалинова, Соҳиба Каримова ва Ирода Қодирова дар бахши намоиши либоси арўсии миллӣ ва муосир Алямира Музаффарова, Ганҷина Қодирова ва Шаҳноза Шарипова соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Дар фестивал-озмуни шаҳрии “Ҷилваи рангҳо” зиёда аз 60 нафар занону духтарон, тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ ва ҷамоати шаҳракҳо низ фаъолона иштирок намуда, ғолибони чорабинии мазкур бо туҳфа, диплом ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мукофотонида шуданд.