zoofirma.ru

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо мақсади зебою хуррам гардонидани муҳити зисти шаҳри Гулистон кӯчаҳои ба номи Истиқлол ва Ҷавонии маркази шаҳр роҳи автомобилгард мумфарш карда шуд.

Инчунин дар соҳили “Баҳри тоҷик” корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дошта он аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Наврӯз-2000” гузаронида шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар шафати кӯчаи Айнии маркази шаҳр корҳои мураттабсозии заҳбур ҷараён дорад.