zoofirma.ru

Тибқи нақша ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идора ва ҷамоати шаҳракҳои Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўи “Ваҳдат-сарчашмаи сулҳу суботи кишвар” муташаккилона ва дастҷамъона бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд дар толори муассисаи кумаки аввалияи тиббию  санитарӣ ва толори бахши фарҳанг бо кормандони соҳаи тиб ва фарҳанг ба вуқӯъ пайваст.

Тарғиботчиёни вилоятӣ собиқадори соҳаи фарҳанг Хайринисо Раҳимова, устоди ДДҲБСТ Абдураҳмон Мирзоев ва дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуазиз Бобоев доир ба ғояи ваҳдати миллӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро ба мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Маҳз барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши асосиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллат иҷро намудаанд, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштанд.

Дар дигар корхонаву ташкилотҳо ва ҷамоати шаҳракҳо низ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ хониши сиёсӣ доир гардид.