zoofirma.ru

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон дар доираи даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) оид ба футбол вохӯрии дастаҳои “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва “Зарафшон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба вуқӯъ пайваст.

Дастаҳо бо чунин ҳайат ба майдон баромаданд: дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дарвозабон – Парвиз Зокиров, ҳимоятгарон – Музаффар Бобоҷонов (сардори даста), Эҳсон Бобоев, Азизхон Абдусамиев, Рашид Мирхолиқов, нимҳимоятгарон – Сӯҳроб Сабуров, Ҳумоюн Азимов, Шараф Азизов, Анвар Темирхонов, ҳуҷумгарон – Салоҳиддин Одиназода ва Ҷурабой Исоев. Мураббии даста Фаррух Ниёзов. Дастаи “Зарафшон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дарвозабон - Ислом Акрамов, ҳимоятгарон – Раббонӣ Муллоҳодизода, Бобур Имомқулов, Суннатулло Абдуллозода, Мирзосаид Саидов, нимҳимоятгарон – Хурсанд Эмомзода, Бахтиёр Азизӣ, Абдумалик Қирғизбоев, Дониш Саидзода, ҳуҷумгарон – Акмал Пӯлотов ва Шаҳзод Нурматов. Мурабии даста Беҳрӯз Гулов. Довари мусобиқа Дилшод Абдуллоев.

Дар қисми аввалӣ бозӣ имкониятҳои зиёди голзанӣ барои ҳар ду тим ба вуҷуд омад, вале бозингарон ба кушодани ҳисоби бозӣ даст наёфтанд. Дар қисми дуюми бозӣ ба бозингари рақами 10-уми дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ҳуҷумгар Ҷурабой Исоев муяссар гардид, ки ҳисоби бозиро кушояд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ ба Шараф Иброҳимов нимҳимоятгари дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон, ки аз курсии бозингарони эҳтиётӣ ба майдон баромада буд, имконият пайдо гардид, ки ҳисоби бозиро афзояд ва ғолибияти дастаи худро устувортар кунад. То охири бозӣ дигар дастаҳо имкониятҳои голзаниро истифода бурда натавонистанд ва бо ҳамин ҳисоби бозӣ 2-0 ба фоида дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ба анҷом расид. Дар майдон ҳаводорони зиёди дастаҳо барои дидани бозии ҷолиб ҳузур доштанд.

Пас аз даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) бо ин ғалаба дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бо 18 хол пешсафии худро дар ҷадвали мусобиқа устувортар намуд.