zoofirma.ru

Пленуми ШӯроДар толори шуъбаи маориф Пленуми V Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид. Ҳашт масоили тарҳрезӣ гардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Оид ба такмили фаъолияти Шӯро, беҳтар намудани  тадбирҳои кӯмак ба ашхоси ниёзманд, иштироки муташаккилона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии шаҳр, роҳандозии нақшаҳои мушаххас дар тарбияи насли ҷавон, тасдиқи нақшаи Шӯро барои соли 2016 ва амсоли инҳо аз зумраи масъалаҳои муҳокима гардида буданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев зимни баромади хеш кулли собиқадорони шаҳрро даъват намуд, ки дар самти татбиқи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тинҷиву амонӣ, сулҳу осоиштагӣ ва зиндагии шоистаи халқ мебошад, корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам вусъат бахшанд.

Пленуми ШӯроСобиқадорони меҳнат Гулчеҳра Мусобекова, Абдурасул Бобоев ва Муъминҷон Исобоев ба музокира баромада, андешаҳояшонро доир ба пешбурди фаъолияти минбаъдаи Шӯро иброз доштанд.

Дар кори Шӯро раиси Шӯро собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Муҳсин Раҳимов иштирок ва баромад кард.