zoofirma.ru

Самари фаъолиятДар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Пленуми VI Кумитаи марказии «Тоҷикметалл» ва ҷаласаи кумиҷроияи иттифоқи касабаи «Союзметалл» баргузор гашт. 50 – солагии таъсисёбии Кумитаи иттифоқи касабаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» низ таҷлил карда шуд.

Дар ҷараёни чорабиниҳои идона пешсафони кумитаи иттифоқҳои  касаба бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ  гардиданд. Раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи ҶММ «Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой» Ҳоҷимуҳаммад Салимзода барои кори фаъолона дар ҳифзи меҳнати иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва ҷалби шавқмандии коргарон ба меҳнат бо Ифтихорномаи Фахрии Президенти Кумитаи иттифоқи касабаи марказии «Союзметалл» А.Нуралин сарфарозонида шуд.