zoofirma.ru

Дар варзишгоҳи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вохӯрии дастаҳои “Ашт”-и ноҳияи Ашт бо тими “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар даври шашуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) баргузор гардид.

Бозӣ ба ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи “Гулистон” ба анҷом расид. Ин ғалабаи панҷуми дастаи "Гулистон" дар мавсими имсола мебошад. Голҳоро футболбозон Њумоюн Азимов, Салоњиддин Одиназода ва Суҳроб Сабуров аз дастаи “Гулистон” ва Баҳром Воҳидов аз дастаи “Ашт” заданд.

Пас аз ин ғалаба  дастаи “Гулистон” бо 15 хол пешсафи ягонаи лига гардид.