zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар шафати Боғи фарҳангӣ-истироҳатии “Темурмалик” воқеъ дар мавзеи хушманзари соҳили “Баҳри тоҷик” ҷаласаи корӣ доир ба тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва таҷдиду тармими ин иншооти истироҳатӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар ибтидо Раиси шаҳр нисбати муносибати фориғболона ва беэътиноии бархе аз сокинони дар шафати боғ, ки заминҳои наздиҳавлигӣ доранд ва онро дар ҳолати нообод нигоҳ медоранд, изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулин талаб кард, ки бо мардум доир ба саҳмгузориашон дар ободонии маҳал суҳбатҳои инфиродии ташвиқотӣ доир намоянд. Корбарии раисони маҳаллаҳо ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ин самт дар маҷмўъ бояд ҷоннок намуд. Сипас раванди бозсозии заҳбур мавриди интиқод ва таҳлили Раиси шаҳр гардид. Доир ба тадбирҳои муайян намудани селроҳа ва сифатнокии корҳои васлгарӣ ба масъулини обу ташноб дастуроти мушаххас супорида шуд.

 

Доир ба таҷдид ва тармими Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” Раиси шаҳр ба масъулини ҶДММ “Аветсина”, бахшҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, коммуникатсия ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба вусъат бахшидан ба корҳои ташкиливу сохтмонӣ, ободониву кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ, сабзкориҳо ва монанди ин дастуру супоришҳои мушаххас дода, масъулинро вазифадор намуд, ки корҳои нақшавӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд ба иҷро расонида шаванд.

Ҳамзамон, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода аз мавзеъҳои гуногуни маркази шаҳр, ки корҳои таъмиру ободонӣ ҷараён доранд, дидан намуда, доир ба густариши раванди хуррамгардонии маркази шаҳр ба масъулини соҳаи ободонӣ дастуру супоришиҳо дод.