zoofirma.ru

Сарпарасти ғамхорСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба маҷлиси Олӣ таъкид дошта буд:

«Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад, ки ятимону ниёзмандон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд».

Боиси хушнудист, ки пайравони ин гуфтаҳои неки Президенти мамлакат дар ҷомеа зиёданд. Ашхоси саховатпеша ва тоҷирону соҳибкорон амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориву кумаки худро нисбат ба эҳтиёҷмандон ба таври доимӣ роҳандозӣ мекунанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ муовини сардори фурӯши барқи вилоят, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум, аз ҳавзаи интихоботии №28 Фрайдин Шамсов қалби ранҷури маъюби модарзодӣ Аҳрор Зокирови даҳсоларо шод намуд. Рисолати ҷавонмардӣ нишон дода, аз ҳисоби пасандозҳои молиявиаш ба Аҳрор аробачаи маъюбӣ тақдим дошт. Аз ин амали олиҳимматонаи Фрайдин Шамсов на танҳо аҳли байт, балки кулли сокинони шаҳраки Консой шод гардида дар ҳаққаш дасти дуои офият ва солимӣ бардоштанд.