zoofirma.ru

Бо фаро расидани рӯзҳои гарм оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад шахсро аз оқибатҳои ногувори он ҷилавгирӣ намояд.

Тибқи амри Раиси шаҳри Гулистон баҳри пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо афсарони вобасташудаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд корҳои фаҳмондадиҳиро баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обутобгоҳҳо ва обанбори «Баҳри тоҷик»-и ҳудуди шаҳри Гулистон ва лагерҳо ба роҳ монда, ба масъулини обутобгоҳҳо ва лагерҳо огоҳиномаҳо оид ба таъмин намудани бехатарии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳо дода шуданд. Ҳамзамон, мутахассисони соҳа омодагии иншооти истироҳатиро ба мавсимӣ тобистон, доир ба насби овезаҳои қоидаҳои бехатарӣ дар об, аломатҳои манъкунандаи оббозӣ ва монанди инро дар минтақаҳои хатарнок санҷида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.