zoofirma.ru

Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳи таблиғотӣ аз вазорату идораҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳои ҷумҳуриявӣ, воситаҳои ахбори омма ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир менамоянд.

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бо гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати Абдулло Раҳнамо-шоир, мудири бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдулмаҷид Шоев-мутахассиси шуъбаи таблиғот ва  ташвиқотӣ дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Маҳмудҷон Мирзоён-сармутахассиси рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Киромиддин Мухторов-намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, идораву ташкилот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тарғиботчиёни маҳаллӣ  ва дигар фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон мулоқот доир гардид. Мулоқотро муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ифтитоҳ бахшида қайд кард, ки мардуми меҳнатқарини шаҳри Гулистон ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таҷлил менамоянд. Аз ҷумла, то ба имрӯз  дар маҷмӯъ тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он ҳамагӣ 186 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, кор дар ин раванд рӯз то рӯз тақвият меёбад.

Сипас аъзои гурӯҳи таблиғотӣ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки ғояҳои истиқлол ва озодихоҳӣ чун рукни бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии тоҷикон будааст. Истиқлолияти давлатӣ рамзи гӯёи озодии миллати тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти дучандро аз ҳар як фарди ватандӯсти кишварамон тақозо дорад. Ҳар як фарди ватандӯст ва бонангу номуси Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бояд аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошад. Мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон содиқонаву софдилона меҳнат намоем.

Дар ҷараёни мулоқот иштироккунандагон Аҳлиддин Абдураҳмонов, Муҳаммадҷон Усмонов ва Зубайда Раҳмонова суханронӣ намуда, шукронаи даврони истиқлолият гуфта, доир ба масъалаи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ибрози андеша намуданд.