zoofirma.ru

Ҷавонони гиромӣ!

Ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди шаҳри Гулистонро табрику таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Бояд зикр кард, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

Алҳол дар шаҳри мо, ки беш аз 32,8 дарсади теъдоди сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рӯҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайёст. Ҳоло ҷавонони гулистонӣ дар донишгоҳҳо ва колеҷу литсейҳои вилояти Суғд 416 нафар  ва дар донишгоҳҳои олии пойтахти мамлакатамон 113 ва дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбиихориҷи кишвар  165 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил доранд.

Соли равон барои дастгирии ҷавонони шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз 25 нафар ба 30  нафар расонида шуд, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шаҳр гардиданд. Ҳамчунин дар шаҳр ҳамасола 15 нафар идрорпулии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ-ро мегиранд. Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ соли равон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод. Ин амал бори дигар аз ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ҷавонон ва сиёсатаи ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Мо бояд ифтихор намоем, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ дорем ва ворисони фарҳангу тамаддуни бостонӣ ҳастем. Аз ин лиҳоз, сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии мо бошад.

Бори дигар ҳамаи Шумо - ҷавонони саодатманди Гулистонро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон ҳастед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод, осмони соф, азму талошҳои нав ба нав дар ҷодаи созандагиву бунёдкориҳо таманно менамоям. Ҳамзамон итминон дорам, ки Шумо бо кору пайкори ғайратмандона ва неруи қавӣ фаъолият намуда, соли ҷашни муҳими таърихӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол менамоед.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!