zoofirma.ru

Дар доираи бозиҳои чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар байни дастаҳои лигаи дуюм дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон дастаи “Гулистон”-и шаҳр ва дастаи “Саразм”-и шаҳри Панҷакент вохӯрд. Бозӣ хеле пуршиддат ва шавқангез ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи гулистониён анҷом пазируфт. Голҳоро дар қисми якуми бозӣ Ҷӯрабой Исоев ва дар қисми дуюм Анвархони Темурхон заданд. Аз оғози чемпионат то ба имрӯз дастаи “Гулистон” се бозии расмӣ гузаронидааст, ки онҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расидаанд:

“Парвоз” (ноҳияи Б. Ғафуров) - Гулистон (шаҳри Гулистон) 1:4.

“Спитамен”(ноҳияи Спитамен) - “Гулистон” (шаҳри Гулистон) 1:2.

“Гулистон” (шаҳриГулистон) – “Саразм” (шаҳри Панҷакент) 2:0.