zoofirma.ru

Имруз, 9 ноябр дар тарабхонаи «Соҳил» ҷамъомади тантанавӣ ва чорабинии идона бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ – «Рӯзи милитсия» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оғоз ёфт.

Раиси шаҳри Қайроққум  Матлубахон Амонзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки милитсияи тоҷик аз солҳои нахусти таъсисёбиаш баҳри пойдор намудани мамлакати азизамон, мубориза алайҳи ҷинояткорону душманони милливу давлатӣ корнамоиҳои бемисл нишон додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре ёдовар мешавад: «Таъминоти тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ вогузоштаанд», - иброз дошт Раиси шаҳр.

Изҳори умед карда шуд, ки ҳар корманди мақомоти милитсия манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳаи худ тақвият мебахшанд ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои мардуми кишварамон саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро боз ҳам собит месозанд.

Дар маҷлиси тантанавӣ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Қайроққум, полковники милитсия Саидаҳмад Маҳмадзода низ сухан ронда, аз саҳми беандозаи кормандони милитсияи шаҳр дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ёдовар гардид.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур бо қарори Раиси шаҳр ва фармони сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Қайроққум  бахшида ба «Рӯзи милитсия»  як қатор кормандони мақомоти  корҳои дохилии шаҳр ва собиқадорон бо Ифтихорномаю туҳфаҳо сарфароз гардиданд. Собиқадори милитсия Шаҳобиддин Баҳриддинов аз номи собиқадорон ҳарф зада ба роҳбарияти шаҳр ва мақомоти корҳои дохилӣ барои таваҷҷуҳи доимияшон арзи сипос кард.

Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохта ва маҳбуби бахши фарҳанг барномаи консертӣ намоиш дода шуд.