zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистони баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо ва тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба ифтихори ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар кушодашавии он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ибтидо табрикоти наврӯзии Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба самъи ҳозирин расонида шуд. Толори варзишӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатманд тариқи ҳашари дастаҷамъона бунёд гардидааст. Дар муассиса 650 хонанда таҳсил ва 47 нафар омӯзгор фаъолияти густурдаи педагогӣ доранд. Иқдоми неки соҳибкорон ва ҳашари дастаҷамъона боиси дастгирӣ ва сурури сокинони ҷамоат ва армуғони фараҳбахши наврӯзӣ гардид.

-Тӯли чанд сол аст, ки орзу мекардем барои толибилмон чунин як толори замонавии варзишӣ бунёд намоем,- гуфт ташаббускори ин иқдом Улуғбек Хоҷаев. Қиматой Махсуталиева, директори муассисаи мазкур сипосмандии ҷомеаи меҳнатиро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва соҳибкорону аҳли ҷамоат баён намуд.

Ҳамчунин ба соҳибкорон ва пешқадамони соҳа сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим шуд.

Дар муассиса ба истиқболи Наврӯзи байналмилал дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.