zoofirma.ru

Аз 15 октябри соли 2015              №262           ш.Қайроққум

Дар бораи даъвати иҷлосияи III Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Қайроққум (даъвати панҷум)

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қарор мекунам:

 

1. Иҷлосияи III Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум даъвати панҷум рӯзи 30 октябри соли 2015, соати 0900 даъват карда шавад.

2. Ба баррасии иҷлосияи III Маҷлиси вакилони халқи шаҳр даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:

2.1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №252 “Дар бораи тасдиқи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016”.

2.2. Дар бораи тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Қайроққум барои солҳои 2016-2020”.

2.3. Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон.

2.4. Дар бораи муқаррар намудани фоиз барои сохтмон ва аз навсозии биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷра, хонаҳои истиқоматӣ ва коттеҷҳо.

2.5. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг.

2.6. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №13.

2.7. Тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳр.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Каримов А.Қ. гузошта шавад.