zoofirma.ru

Соли ҷорӣ аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-сол  пур мешавад. Маълум аст, ки ин ниҳод дар замони мушкил таъсис ёфта, то ба имрӯз вазифаҳои бар дӯш доштаашро комилан иҷро карда истодааст. Ҷавонмардони Ватан ба сафи он ҳамроҳ гардида, марзу буми ниёгони худро ҳифз мекунанд. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.

Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».

Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Чунончи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад».

Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 моҳ буда, барои даъватшавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад.
Метавон гуфт, ки татбиқи чорабиниҳои даъватӣ дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро бедор кардааст, ки ин омил метавонад дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи содиқонаи марзи кишвар мусоидат намояд. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

мутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри  Гулистон