zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон ба ифтихори 70-солагии Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, собиқадори хизмати геологияи ҷумҳурӣ Анвар Отаев ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури соҳибҷашн намуд. Сипас, табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба Анвар Отаев манзур карда шуд. Сардори Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум Худойназар Амонзода соҳибҷашнро аз номи ҷомеаи меҳнатии корхона табрик намуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова, дӯстон ва ҳамкорони собиқ Абдуқодир Ёрмамадов, Солиҷон Баҳромов, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи ҷанговарони интиернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ” Зариф Пӯлодов соҳибҷашнро бо синни камолот таҳният намуданд.

Дар интиҳо Анвар Отаев барои ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба собиқадорон ва арҷгузории хизмати онҳо ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипосмандӣ намуд.