zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки Нуринисо Комилзода муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон, комиссари комисариати ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар аъзои комиссияи даъвати ҳарбӣ доир ба омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода оғоз бахшида, нақшаи тасдиқгардидаро ба самъи иштирокчиён расонид. Қайд гардид, ки то оғози мавсими даъват моро зарур аст, аз ҳозир корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар байни ҷавонони синни то даъватӣ ва волидайни онҳо вусъат бахшем. Ҳамчунин ба раисони маҳаллаҳо супориш дода шуд, ки вобаста ба даъвати баҳорӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳалҳо тавсеа диҳанд.

Дар ҷаласа инчунин комиссари комиссариати ҳарбии шаҳр Илҳом Зокиров марбут ба масъалаҳои ташкили даъвати баҳорона, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои мухталиф барои саривақт ба иҷро расонидани нақшаи даъват суханронӣ намуд. Дар ҷаласа инчунин дигар масоили вобаста ба даъват баррасӣ шуданд.