zoofirma.ru

Дар маҷлисгоҳи ҷамоати Чоруқдаррон мулоқот бо ҳайати роҳбарикунанда ва сокинони шаҳрак доир ба мавзӯи «Пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ» баргузор гардид.

Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов дар бобати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, омодагии аҳолӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, захира намудани маводҳои хӯрока, доруворӣ, сӯзишворӣ, ҳезум, ангишт, пешгирӣ аз омадани сел, шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сӯхтор, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, яхобмонии дарахтон, шинонидани дарахтон дар шафати селроҳаҳо ва маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар давоми соли ҷорӣ, ки дар фаслҳои зимистону баҳор оид ба боридани борон, тағйирёбии обу ҳаво ва хунукию гармии дар пешистодаро дар ситоди доимоамалкунандаи ҷамоати шаҳрак баррасӣ карда, кору фаъолияти худро бозҳам дар ин самт пурзӯртар намуда, баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода бо аҳолии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат вохӯриҳо гузаронида шавад.