zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони беш аз 28 васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ 38 рӯзноманигор иштирок намуданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2020-ум иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром доштанд.

Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми соли 2020 ба маблаѓи беш аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз ин 95,1%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 4,9%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва бахши соҳибкорӣ мансуб аст. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 15,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли 2020 чор корхонаи нави саноатӣ бо ташкили 199 ҷойи кории нав сохта шуд.

Дар соли 2020 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 170,5 миллион сомонӣ маблағ (102,9%) ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 47,9 миллион сомонӣ (105,3%) ба иҷро расид.

Дар соли 2020-ум ба иқтисодиёти шаҳр 152,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳо, аз ҷумла 98,8 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 54,1 миллион сомонӣ инвеститсияҳои дохилӣ ҷалб карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 131,5 миллион сомонӣ дар соҳаи сохтмон маблағгузорӣ гардида, корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи 128,9 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст. Фондҳои асосӣ 71,5 миллион сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,3 маротиба зиёд иҷро шуд. Иҷрои корҳои пудратӣ 50,8 миллион сомонӣ буда, 2,6 маротиба зиёд гардид. Дар маҷмўъ 59 км роҳҳо таъмир карда шуданд. Аз ҷумла, 15 км таъмири асосӣ, 20 км таъмири ҷорӣ ва 24 км роҳҳои автомобилгарди шаҳр шаѓалпўш гардид.

Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2075 сомониро ташкил додааст.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12081 адад, ё 415 ҷой зиёд мебошад. Шумораи шаҳрвандони машѓули кор 10397 нафар ва ин нишондиҳанда 488 нафар зиёд аст.

Аз 478 нафар хатмкардагон 349 нафар (73%) ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, 245 нафар (70,2%) ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуданд. Дар маҷмўъ дар соли 2020 ба 3824 оила ба маблағи зиёда аз 643,9 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Дар осоишгоҳҳо дар соли ҳисоботӣ 1183 меҳмонони хориҷӣ ва 19620 истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмўъ беш аз 20,8 ҳазор нафар истироҳат намуд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз беш аз 167 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. То ҷашни бузурги миллӣ дар маҷмўъ беш аз 221 иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода мешавад.

Сипас Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма посух дод. Рӯзноманигорон доир ба вазъи корхонаҳои саноатӣ (ҶДММ “ШКСТХ”, “Апрелевка” ва ҶДММ “КМА”), раванди иҷрои ҳадафи стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръат, вазъи андоз, пардохти музд, бунёди иншооти ҷашнӣ, соҳаи маориф, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, рушди соҳаи моҳипарварӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, корҳои хуррамгардониву сабзкориҳо дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, таъминоти манзили истиқоматӣ ва монанди ин саволҳо дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар нишасти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов иштирок намуд.