zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон Шӯрои созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон баргузор гардид. Шӯрои мазкур ба муносибати 21-умин солгарди таъсисёбии Шӯрои созмони хонандагон баргузор гардид. Дар Шӯро мудири шуъбаи ҳамоҳангсозии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Наҷибулло Абдуллозода, муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Ноил Мирзозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Нур Мирзоев ва директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ 26-уми феврали соли 2000-ум бо қарори Конфронси якуми ҷумҳуриявии созмон ташкил гардида, ниҳоди муҳим дар таълиму тарбияи насли наврас дар фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар ба шумор рафта, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ, мусоидат дар ташаккули зеҳн ва маърифатнокии таълимгирандагон мебошад.

Сипас роҳбари созмони хонандагони МТМУ №7 Аниса Мавлонова, роҳбари созмони хонандагони МТМУ №13 Наргиса Назарова ва ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Нафиса Файзуллозода суханронї намуданд. Дар фарҷом як қатор ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд.