zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кории моҳи февралии назди Раиси шаҳр доир гардид. Дар он муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтории он, роҳбарони корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо, инчунин  масъулини соҳаи сохтмон ва минтақаи истироҳатии шаҳр иштирок намуданд.

Дар машварат масъалаҳои марбут ба ҷараёни корҳои сохмонӣ, ободкориву хуррамгардонии маркази шаҳр ва минтақаи истироҳатии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр доир ба дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба вилояти Суғд сухан ронда, зикр намуд, ки бояд масъулин дар иҷро саривақтии супориҳои Пешвои муаззами миллат тамоми тадбирҳои заруриро бояд андешанд.

 

Тазаккур дода шуд, ки раванди  корҳои сохтмонӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр вусъати тоза гирифта, дар як муддати кӯтоҳ ду истоҳи замонавӣ, гулгашти тозабунёд  мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, корҳои ободонву азнавсозии даромадгоҳи ғарбӣ ва кӯчаҳои марказии  шаҳр, чароғонкунии онҳо, симои зебо бахшидан ба биноҳои серошёна, тозакунии заҳбур, азнавсозии шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон ва дигар масъалаҳои марбут ба хуррамгардонӣ, аз ҷумла шинондани дарахтон, кабудизоркунӣ бомаром идома доранд. Раиси шаҳр дар ин мавриди аз масъулин талаб намуд, ки бояд ба сифати баланди иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хуррамгардонӣ диққат ҷиддӣ ва авалиндараҷа дода шавад. Ба масъалин минтақаҳои фароғатӣ дастур дода шуд, ки саҳми худро дар ободонии гирду атрофи иншооти истироҳатӣ тақвият бахшида, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ заминаи хуб гузоранд.

Дар машварат инчунин ба масъулини соҳаи саноат, молия, андоз, сармоягузорӣ, амволи давлатӣ доир ба рушди соҳаҳои дахлдор вазифагузориҳои мушаххас карда шуд. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода инчунин ба сектори идеологӣ доир ба бурдани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни сокинон оид ба баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ ва маданияти шаҳрнишинӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Тибқи нақшаи алоҳида доир ба вусъати корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, азнавсозии  тарҳи кӯчаҳои Турсунзода ва Ҷомӣ, азнавсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” ва роҳи пиёдагшарди соҳили “Баҳри тоҷик” дастурҳо дода шуданд.