zoofirma.ru

(чанд андешида дар атрофи филми мустанади «Бешарафӣ»)

Баъд аз тамошои филмҳои «Решаҳои ноаён», «Бозгашт аз ҷаҳанам» «Хиёнат» ва «Бешарафӣ» маро як чиз ором намегузорад. Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки  барои пиёдасозии аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна пастию касифӣ ва туҳмату буҳрон рӯй намегардонанд.

Тамошои филмҳои зикргашта парда аз рӯи аслии роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ (зиддимиллӣ), Гурӯҳи 24 бардошта бошад, ҳам эшон ҳеҷ не ки ба ҳақиқат тан диҳанд. Охир дигар касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба афсонаҳои онон гӯш намедиҳад.

Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ воизи баддаҳане чун Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худро чун «ғамхори миллат», «дилсӯз» вонамуд карда, нуқсҳои ҷузъии кишварро бо ҳангомаю  валвала нишон дода, буҳтону ҳақорату таънаву маломати беасосро бар сари ҳукумати кишвар мерезад. Ин тоифаи манфур танҳо як мақсад доранд-худро дилсӯзу тақводор нишон  бидиҳанд ва аз ин имиҷе барои худу думравонашон бисозанд. Бехабар, аз он ки оби рехтаро дигар ҷамъ карда намешавад. Симои аслии онон барои хурду калони Тоҷикистон маълум гаштааст. Зӯри беҳуда миён мешиканад, гуфтаанд. Ҳофизи лисонулғайб ҳанӯз чанд аср пеш дар хусуси Муҳаммадиқболи Садридин барин ашхос гуфта буд.

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд.

Чун ба хилват мераванд кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Ҳеҷ гоҳ барои пиёдасозии ҳадафи сиёсии худ дини исломро сипар насозед. Зеро  Ислом дини муҳаббат на ҳалокат, сулҳ на ҷанг насиҳат на ҳақорат ва рост на буҳтон аст.

Зиндагиномаи ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (с.а.в) худ як мактаби омӯзандааст бар гӯш ва чашми ҳақшунав.

Барои исботи гуфтаҳо ду ҳадисе аз ҳазоарти Муҳаммад (с.а.в) меорем: «Ба ресмони худовандӣ чанг бизанед ва пароканда нашавед». «Аз уммати ман нест, касе ки миёни мусалмон тафриқаангезӣ менамояд».

Шумо чӣ? Бо рафтору гуфтори тафриқаангезии худ симои Исломи азизро доғдор карда, ҳазорон нафарро бо даъватҳои бебунёди худ гумроҳ сохта, кишварро дар солҳои 90-ум ба ҷанг кашидед.

Ҳоло дар Тоҷикистон вазъият тамоман дигар аст. Ҳар қадар Шумо дар ҳаққи Ҳукумати кишвар буҳтон занед, ҳамин қадар мардум дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар зичтар мешавад.

Мо имрӯз рӯзгори осудаву осоишта дорем, соҳиби Ватану сарзамини ободу зебою мустақилем. Ин ҳама аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки тавонист дар муддати 30 соли роҳбарии хеш кишвари ҷангзадаи парешонро ба сулҳу салоҳ расонаду ободу зебо намояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон рӯз то рӯз сафи корхонаҳо зиёд гашта, мардум ба ҷойи кори доимӣ соҳиб гашта, сатҳи зиндагӣ боло рафта истодааст.

Инро касе медонад, ки гӯши ҳақшунав ва дидаи биною дили соф дошта бошад, на чун Шумоён, ки аз ҳеҷ чиз ҳар чӣ сохта симои Тоҷикистонро дар хориҷ сиёҳ менамоед. Масалан, чанде пеш кадоме аз зархаридони Шумо аз мардикорбозор аксе бардошта, онро чун гирдиҳамоии зидди ҳукуматӣ дар вилояти Суғд қаламдод кардааст.

Хулоса матлабро дар филм ҳамон равоншинос баровард. Шумо рӯҳан бемор гаштаед. Дигар ҳеҷ гоҳ сафедро сафед, сиёҳро сиёҳ намегӯед. Саъдии бузургвор дар ҳаққи Шумо барин инсонҳои гумроҳу сиёҳдил барҳақ фармудааст:

Бо сиёҳдилон чӣ суд хондани вазъ,

Наравад мехи оҳанин бар санг.

Ҷомеаи шаҳрвандони Тоҷикистонро заруру равост, ки ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надода, бар зидди тафриқаандозону ватанфурӯшон муборизаи беамон бубарем ва дар атрофи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар муттаҳид бишавем ва Тоҷикистонро  ободу зебо намоем. Ба қавли Мавлоно Балхӣ:

Мо барои васл кардан омадем,

Не барои фасл кардан омадем.

Мо бурунро нангарему қолро,

Мо дарунро бингарему ҳолро.

Бале, мо бояд зоҳиру ботини худро яксон бикунем ва бо дилу нияти пок барои ин сарзамин кӯшишу ғайрат намоем:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем.

 

Абдумалик РАСУЛОВ, шаҳраки Зарнисор