zoofirma.ru

Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки “мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем”.

Сокинони меҳнатқарини шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат маҳкам баста дар ободонии шаҳри саноатӣ ва сайёии худ рӯз аз рӯз ба ифтихори ҷашни ҳумоюни 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва хуррамсозии шаҳрро вусъат ва тақвият мебахшанд.

Рӯзҳои истироҳат намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба ҳашари ободонӣ баромада, дар тозаву озода кардани муҳити зист, ниҳолшинӣ ва кабудисозкунӣ саҳми худро гузоштанд.

Бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон дар мавзеи гулгаштҳои навбунёд маъракаи шинонидани дарахтони ороишии кастона, шоҳбулут, санавбар, инчунин гулҳои ороишии ҳамешасабз ба вуқӯъ пайваст.

Корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр идома доранд.