zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо аз қабили Наврӯзи байналмилал ва Меҳргон мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баркати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо месозад.

Иди Сада дар оғози даҳаи аввали баҳманмоҳ, яъне 30-юми январ баргузор мешавад. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад. Тибқи ривоятҳо аз шаби таваллуди хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва ҷаҳидан аз болои он ривоҷ доштааст.

Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон тибқи қонунгузории мамлакат бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.

Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Хушбахтона, дар даврони истиқлолият маросиму ҷашнҳои миллии мо ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат карда, дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолӣ ворид гардидаанд. Дар ин росто, наврасону ҷавононро тавассути ин анъанаҳои неки гузаштагонамон ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ ҳидоят менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» Паёми навбатии ояндасози Пешвои муаззами миллатро гарму ҷӯшон пазируфта, имрӯз бо азму иродаи қавӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Дар ин радиф дар шаҳрамон дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон корҳои созандагӣ, хуррамгардонӣ ва ободониву кабудизоркунӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр рӯз то рӯз тақвият ёфта, баҳри ба як гӯшаи ободу хуррам ва нотакрор табдил додани шаҳрамон чорабиниҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ анъанаҳои неки меҳнатиро сармашқи кори худ карда, барои боз ҳам боло рафтани эътибор ва шуҳрати шаҳри саноатӣ ва сайёҳиамон бо неру ва ғайрати дучанд фаъолият хоҳанд кард.

Бо камоли эҳтиром гулистониёнро бо ҷашни ниёгон – Иди Сада муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед!