zoofirma.ru

Дар толори тарабхонаи “Манижа”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни “Дасторхонороӣ” баргузор гардид. Дар озмун ҷамоати шаҳракҳои Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё, Адрасмон ва КВД “Осоишгоҳи Шифо”, Маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ, муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарї, коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.

Ҳайати ҳакамон тибқи талаботи низомномаи озмун онро ҷамъбаст намуда, муайян кард, ки иштирокчиён бо як маҳорати баланд бо истифодаи сарфакории моҳирона, зебову дилписанд, бо риояи анъанаҳои миллӣ, пешниҳоди анвои гуногуни хӯрокворӣ, нӯшобаҳо, шириниҳо ва дигар навъи таому хӯришҳо дасторхонҳои худро пешниҳод ва муаррифӣ намуданд.

Доварон зимни баҳогузорӣ ба иштирокдорони озмун бештар ба истифодаи сарфарокорнаю моҳиронаи дасторхон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дасторхон, риояи анъанаҳои миллӣ дар дасторхони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дасторхони оросташуда, ба замона мутобиқ кардани дасторхони оросташуда, камхарҷии он, истифодаи маҳсулоти ватанӣ ва ғайра эътибор дода, баҳогузорӣ намуданд.

Дар натиҷаи хулосаи ҳакамони озмун ҷойи аввал насиби КВД “Осоишгоҳи Шифо”, ҷойи дуюм насиби ҷамоати шаҳраки Консой ва муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҷойи сеюм насиби шуъбаи маориф ва ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон гардид. Ҳамчунин, ҳакамон ба маҳорати баланди дасторхонороӣ ва муаррифии коллеҷи тиббӣ, беморхонаи марказии шаҳр ва ҷамоати шаҳраки Сирдарё баҳои баланд доданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфа ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.