zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гирду атрофи муассисаҳо ва қитъаҳои вобасташуда ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Ин дафъа бо мақсади ободу хуррам кардани соҳили “Баҳри тоҷик” дар шафати боғи “Темурмалик” то қисмати Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ҳашар гузаронида шуд. Соҳили обанбор тоза карда шуда, инчунин дар қитъаи замини назди соҳили баҳр беш аз 2 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд.

Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст ва минбаъд низ дар ин самт корҳо вусъат хоҳанд ёфт.