zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” Конференсияи 25-уми ғайринавбатии кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Пас аз тасдиқи ҳайати комиссияи мандатӣ, котибот ва ҳайати таҳририя вакилон рӯзномаи конференсияро иборат аз се масъала тасдиқ намуданд.

Вакилон пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии №6, “Сарбанд” ва ҳавзаи интихоботии №18, “Турсунзода”-ро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баррасӣ намуданд.

Вакилон инчунин ҳайати нави кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистонро иборат аз 23 нафар тасдиқ карданд.

Дар кори конференсияи ғайринавбатӣ Раиси шахри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода иштирок намуданд.