zoofirma.ru

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 32 вакил иштирок дорад ва3 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надорад. Ҳамчунин дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд. Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят Зайнура Шарифӣ низ ширкат дорад.

Вакилони иҷлосия баъди интихоб ва тасдиқи котибот ба баррасии рӯзномаи он шурӯъ карданд. Ҳамин тавр вакилони Маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла: оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми ноябри соли 2020, №77 “Дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод намудани Фирдавс Шарифзода”, оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми ноябри соли 2020, №78 “Дар бораи ба вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин намудани Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода”, дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар соли 2020 ва вазифагузориҳо барои соли 2021, дар бораи буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2021, оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри 2009, №600 “Дар бораи барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар солҳои 2010-2020” дар шаҳри Гулистон, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Умари Хайём”, №21 оид ба ваколатҳои вакилӣ, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии вакилон аз ҳавзаи интихоботии “Сарбанд” №6 ва “Мирзо Турсунзода”, №18, дар бораи таъин намудани интихоботи миёнадаври бар ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Доир ба масъалаи ҳисоботи Раиси шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар соли 2020 ва вазифагузориҳо барои соли 2021 муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Дар баррасии масъалаи мазкур вакилон Муслимахон Ҷамолиён, вакил аз ҳавзаи интихоботии №16, Сарҳад Баротзода, раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон ширкат варзиданд.

Оид ба масъалаи “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2021” сардори Раёсати молия дар шаҳри Гулистон Аъзам Муродзода маърӯза намуд. Дар музокира Рустам Сафаров, вакил аз ҳавзаи интихоботии №26 иштирок намуд.

Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, №600 “Дар бораи барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар солҳои 2010-2020” дар шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, муовини Раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Лоҳутӣ», №33 маърӯза намуд.

Сипас масъалаҳои дигар мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода иҷлосияро натиҷагирӣ намуда, ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон баҳри фаъолияти самараноки соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру вазифагузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаҷиҳата кӯшишу талош менамоянд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум анҷом пазируфт.