zoofirma.ru

Бо ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву хуррамгардонӣ дар шаҳри Гулистон рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта, ин минтақаи кишвар, воқеан ба гулистони ҳақиқии ҷумҳурӣ табдил меёбад.

Дар минтақаи истироҳатӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода барои бунёди 11 коттеҷи замонавии истироҳати санги асос гузошта шуд. Коттеҷҳои замонавӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ бунёд карда мешавад. Коттеҷҳои замонавӣ бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд хоҳад шуд. Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи иншоот ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки коттеҷҳои замонавӣ бо тарҳи зебои меъмории миллӣ ва бо ашёи маҳсулоти ватанӣ сохта хоҳад шуд. Раиси шаҳр баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ин коттеҷҳо дастуру супоришҳо дод.

 

Баъдан Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар осоишгоҳи Абдуқодир Ҷабборзода шинос гардид. Алҳол, бунёди бинои табобатӣ ва истироҳатгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, утоқҳои алоҳидаи фароғатӣ ва дигар иншооти ёрирасон аз ҷониби сохтмончиён ва ҳунармандони маҳаллӣ ба фарҷом расида, корҳои пардозгарӣ ва насби таҷҳизоти тиббӣ бо сифат ва завқи баланд идома доранд. Осоишгоҳи мазкур дар соҳили “Баҳри тоҷик” ҷойгир мебошад. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба масъулин доир ба ободонии осоишгоҳ супоришҳои мушаххас дод.