zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба 25 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр идрорпулии Раиси шаҳри Гулистон супорида шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода гирандагони стипендияи раиси шаҳрро ба ин дастовардашон табрик намуд. Зикр гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ѓамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардаааст. Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони лаёқатманд ва фаъол яке аз самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Соли равон ба 25 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр стипендияи Раиси шаҳри Гулистон ва ба 10 нафар идрорпулии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳр муқаррар гардидааст. Ҳамчунин Шаҳзода Гулмуротова хонандаи синфи 11-и муассисаи таълими №2, Диёрбек Ҷамолиддинов хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №14 ва Шарафнисо Фатахова донишҷӯи бахши сеюми Коллеҷи тиббии шаҳр гирандагон стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ мебошанд.

Дар вазъи мутантан ба толибилмон шаҳодатнома ва идрорпулӣ супорида шуд. Гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Гулистон Сарвиноз Сатторова ва Лайло Орифова ба Пешвои муаззами миллат барои дастгириву ғамхориҳои беназир изҳори миннатдорӣ намуданд.