zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гирду атрофи муассисаҳо ва қитъаҳои вобасташуда ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Дар маъракаи ободонӣ, аз ҷумла тамоми кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, ҷӯйборҳоро тоза, бехи дарахтонро нарм ва роҳравҳоро рӯбучин намуданд. Ҳамзамон, дар шафати кӯчаи асосӣ беш аз 30 бех дарахтони ороишӣ, аз ҷумла шоҳбулуту дарахти кастона шинонида шуд. Фаввораи майдони Нишони давлатӣ тозаву заминҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шудгор карда шуданд.Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст ва минбаъд низ дар ин самт корҳоро идома хоҳанд дод.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар шанбегӣ иштирок намуда, бо масъулин доир ба нақшаҳои ободонӣ дар мавзеъҳои зарурӣ суҳбат намуда, оид ба вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои ободонӣ вазифагузорӣ намуд.