zoofirma.ru

Дар толори Экспедитсияи комлексии геологии Қайроққум бахшида ба Рўзи геологҳо ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардор, сармуҳандис КВ «ЭКГҚ» Ғуфрон Абдуллоев оғоз кард.

Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ манзур намуд.

Сипас сардори шуъбаи экспедитсия, геолог Носирҷон Ашўров дар бораи фаъолияти Экспедитсияи комлексии геологии Қайроққум сухан ронд. Қайд гардид, ки соҳаи геология яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа буда, маҳаки асосии рушди саноату иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ геологияи тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Замони соҳибистиқлолӣ, дар партави супоришњо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳа корбарӣ намуда, баҳри кашфиётҳои нав ба нави ганҷҳои нуҳуфтаи кишвар ва муайян намудани сифат ва захираҳои канданиҳои фоиданоки гуногун амал мекунанд.

Дар интиҳо ба пешқадамони соҳаи геологияи шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супурда шуд.