zoofirma.ru

Аз пайи фитнангезиҳои як гурӯҳ афроди бешараф дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари баъд аз ҳазор сол қадам ба арсаи сиёсат гузоштаи тоҷик ба гирдоби ҷанги хунини бародаркушӣ гирифтор гардид. Дар ин моҷарои тезу тунд ва даҳшатовар ҳазорон ҳазор одамони бегуноҳ қурбон гардиданд. Модарони чашм ба роҳ, ки фарзандашон саҳаргоҳ аз хона берун рафту дигар бар нагаштаанд, ё баъзан дар пеши чашмонашон фарзандонашонро куштаанд як умр ғами он рӯз аз сарашон нарафтааст. Кӯдакони дар он солҳо ятим монда ҳоло ҳам дар орзӯи дидори азизони худ ҳастанд. Шахсоне, ки он рӯзҳоро паси сар намудаанд бештар онро дарк хоҳанд кард, зеро: “Ҳамдардӣ ҳанӯз худи дард нест”.

Пас аз ором гаштани вазъ ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки бо ранҷу заҳмати фидокоронаи фарзандони фарзона ба даст омадааст низ фитна поён наёфт. Фитнагарон дар ҳар мавриди муносибе, ки тавони фитнагарӣ пайдо намудаанд, ба дасисаҳое даст задаанд. Дар тӯли ин солҳо чӣ амалҳои нангине, ки аз онҳо сар назад. Барои шумурданашон рӯз кӯтоҳӣ мекунад. Бо гузашти рӯзгор саҳифаҳои таърих равшантар мегарданд. Ҳеҷ амале то абад пӯшида нахоҳад монд. Ин аст, ки боз чандин амалҳои нангини дигари ин гурӯҳҳои хиёнатпеша равшан гардид.

Саркардагони парокандаи ин гурӯҳҳои фитнагар имрӯз хориҷ аз кишвар дар замини бегона бо шароити хуби моливу иқтисодӣ таъмин гардида, аз роҳҳои муфти маблағёбӣ истифода бурда, кору меҳнати ҳалолро барои худ ор дониста иғвогариву буҳтонро пеша намудаанд. Рӯзе нест, ки аз иғвову дасисаҳояшон хабаре набошад. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки дар кишвар шӯру ғавғо андохта, мардумро ба сӯи гумроҳӣ баранд. Солҳост, ки онҳо мисли саг дар аккосзанӣ ҳастанд. Ғофил аз он, ки худ гумроҳанд ва аккосашон беҳудааст.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ, хушу хуррам умр ба сар бурда истодаанд. Он фоҷиаву моҷароҳои хунини аз сар гузаронидаи худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Муҳимтар аз ҳама ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки кишвар бори дигар ба гирдоби  он бесарусомонӣ ва моҷароҳои хунин кашида шавад. Аз ин рӯ баҳри ҳифзи ин тинҷиву субот ва осмони софу беолоиши Ватан қодиранд ҷони худро фидо намоянд. Дигар фитнаи фитнагарон ба мардуми бофарҳану худогоҳ ва бошарафи кишвар таъсир нахоҳад кард. Ҳифзи Ватанро мардуми кишвар қарзи муқаддаси шаҳрвандии хеш ҳисобидаанд. Аз ин рӯ, онҳо пайваста дар роҳи ободиву созандагиянд ва барои сазовор истиқбол намуданаи ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҷону дил меҳнат карда истодаанд.

Сайҳуна Шарифзода,
мутахасиси пешбари шуъбаи рушди иҷтиомӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон