zoofirma.ru

Бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати пешгирии бемории короновирус COVID-19, ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гирду атрофи муассисаҳо ва қитъаҳои вобасташуда, шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маъракаи ободонӣ, тамоми кормандони ҳоҷагии ҳалқи шаҳр иштирок намуда, ҷӯйборҳои обравро тоза, бехи дарахтонро нарм ва роҳравҳоро рӯбучин намуданд ва инчунин гулшинонӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар шафати кӯчаи асосии шаҳр беш аз 50 ҳазор пиёзаки гули лола шинонида шуд.

Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст ва минбаъд низ дар ин самт корҳоро идома хоҳанд дод.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз ҷараёни шанбегӣ шинос гардида, бо масъулин доир ба нақшаҳои ободонӣ дар мавзеъҳои зарурӣ суҳбат намуда, оид ба вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои ободонӣ вазифагузорӣ намуд.