zoofirma.ru

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омодагии сокинон ва тамоми соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои2020-2021 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ярмаркаҳо доир карда мешаванд.

Дар ин радиф бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзию ниёзи аввалия дар шаҳри Гулистон ташкил гардид. Бо раванди ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази шаҳр Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз наздик шинос гардида, доир ба танзими нарх ва ҷараёни баргузории он ба масъулин дастурҳо дод.

Бояд қайд кард, ки рӯзи шанбе беш аз 20 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, инчунин корхонаҳо ва соҳибкорони шаҳр, аз ҷумла ҶДММ “Фаровон”, “Хубҷамъинвест”, “Таъминоти моҳӣ”, “Зуҳал” ба сокинони маркази шаҳр пешкаш карда шуд.

Сокинон аз ярмарка бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор 15-20 фисад маводҳои ниёзи худро харидорї намуданд. Ба сокинон маҳсулоти гуногуни озуқавории ниёзи аввал: орду биринҷ, равғану тухм, моҳӣ, маҳсулоти полезӣ, гӯштиву ширӣ, донагӣ ва қаннодӣ пешниҳод гардид.