zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр муҳтарам Бахтиёр Саидаҳмадзода бо ғолибони даври шаҳрӣ, вилоятӣ ва роҳёфтагони даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мулоқот доир гардид.

Зикр гардид, ки ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду нумуъ бахшидани тафаккури зеҳнии хонандагон ва арҷ гузоштан ба осори бузурги ниёгон бисёр муҳим ва ояндасоз маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки тӯли ду сол инҷониб фазои фарҳангиву маънавӣ бо шарофати озмуни мазкур кишварро фаро гирифтааст. Имсол аз соли қаблӣ дида шавқу рағбати хонандагон ва аҳли ҷомеа ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зиёд гардидааст.

Соли ҷорӣ дар даври шаҳрии озмуни мазкур беш аз сад нафар довталабон иштирок намуданд ва аз ин теъдод 20 нафар дар даври вилоятӣ иштирок намуда, се нафари онҳо имкон пайдо намуданд, то иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ гарданд. Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба роҳёфтагони даври ҷумҳуриявии озмун, ки санаҳои 7-15 декабр дар пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе баргузор мегардад, кушоишу фатҳ ва сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихориро таманно намуда, таъкид дошт, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун фаъолона иштирок карда, шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро дар сатҳи ҷумҳурӣ шоиста ва сазовор муаррифӣ намоянд. Ҳамзамон, Раиси шаҳр ҳозиринро баҳри боз ҳам бештар рӯ овардан ба китобу китобхонӣ ҳидоят намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ин анъанаи нек идома ёфта, сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар он фаъолона иштирок менамоянд.

Сипас иштирокчиёни мулоқот омӯзгор Зубайда Раҳмонова ва эҷодкор Нозияи Шуҳратназар ба Пешвои муаззами миллат барои роҳандозии чунин озмуни фарҳангӣ изҳори сипос намуданд.

Дар охир ғолибони озмуни мазкур аз тарафи шаҳрдорӣ бо диплому сипоснома ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.