zoofirma.ru

Мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Дар мазмуни ин гуфтор хулосаҳои худро аз бардошти расонаҳои хабарӣ доир ба кирдор, рафтор ва суханони беасосу пучу ҳарзагӯиҳои Муҳиддин Кабирии ватанфурӯшу хоини миллат рӯи қоғаз меоварам. Аввалан, тӯли се сол Дадоҷон Аттовуллоев пайваста Муҳиддин Кабириро ба мунозираву муошират даъват карда буд. Аммо Кабирӣ бо ҳар баҳонаву найранг худро аз мубоҳисаи ошкоро мекашид, яъне дурӣ меҷуст, ё ин ки худдорӣ менамуд. Ниҳоят вохӯрии Додоҷон Атовуллоев бо Муҳиддин Кабирӣ ба вуқӯъ пайваст, мулоқоти рӯ ба рӯ доир гардид. Медонем ва расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки Кабирӣ ба он мунозира бо реҷаи қаблан таҳияшуда бо нияти моил намудани Дадоҷон Атовуллоев ба мусолиҳа омада буд. Яъне, ӯ пешакӣ худро дар иҷрои нақши «омӯзгор» ва ҳидояти Дадоҷон Атовуллоев «ба роҳи рост» омада буд. Ва умед дошт, ки «яхи дили» Дадоҷон Атовуллоев «об» мешаваду ба ӯ дасти дӯстӣ медиҳад ва худро маҷбур карда гуфт: «Мо хизмати Дадоҷонро эҳтиром мекунем!».

Аммо оғози мунозираи Кабирӣ мағрурона ҷараён гирифт: Ту кӣ ҳастӣ?! Ман қудрат дорам! Ва ғайраву ҳоказоҳо.

Аз дақиқаҳои аввал Дадоҷон Атовуллоев ба Кабирӣ фаҳмонид, ки ин ҷо гап-гапи кадом як мусолиҳа нест ва ба ҳуҷум гузашт. Ҳамин тавр таҳрезии Кабирӣ дар қоғаз ва рӯи мизаш боқӣ монд. Кабирӣ саргум шуда, ҳамзамон нақши «мураббии беозор» ва «зиёӣ» лахту пора шуд ва фурӯ рехт.

Суханони Дадоҷон Атовуллоев ин муҳорибаро ба нуқтаи авҷи худ расониданд: «Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон - дар пушти Кабирӣ истодааст! Сомонаи «Тасним», ки марбут ба яке аз муқтадиртарин хадамоти махсуси ҷаҳон мебошад, ба минбари Кабирӣ ва рӯзноманигорони дар атрофи ӯ ҷамъ омада мубаддал шудааст!».

Ҳамин тавр баъди чунин ифшогарӣ Кабирӣ ошуфта шуд ва боз бо қаҳру ғазаб ҳадаҳаву варсоқӣ хонд ва обрӯи сиёҳи худро боз ҳам сиёҳу тира сохт.

Ин мубоҳиса ба муноқишаи шифоҳӣ табдил ёфт ва мақоли халқиро нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ мансуб донист: «Пистаи бемағз, гар лаб во кунад, расво шавад».

Сониян, Кабирии ватанфурӯш пешорӯи далелҳои фошкунандаи Дадоҷон Атовуллоев оҷиз монда, худ бехабар аз саргумии худ бори дигар чеҳраи дурӯғину гуфтори козиб ва дурӯягии худро ошкор сохтаву намоиш дод. Ва ин бор собит шуд, ки Кабирӣ бо ҳизби лӯхтакмонанду дастнигараш ақлтира гардид ва чунин буду чунон мемонад.

Ва бар иловаи ин ҳама, аз кас пӯшида нест, ки филиали Тоҷикистонии радиои амрикоӣ кайҳост, ки ҳамчун минбари оппозитсияи исломии Кабирӣ хизмат мекунад. Тамоми фаъолияти сиёсии бешууронаи Кабирӣ ва дастаи хиёнаткори ӯ дар заминаи фиребу найранг ва ғараз сурат мегирад!

Медонем, ки мубаллиғони навбаромад мисли Кабирии хоин ва косалесонаш шиорҳои дурӯғини Ғарбро, аз қабили «озодии сухан», «ҳуқуқҳои инсон», «демократия», «ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз ёд карда, аз тариқи интернет бисту чор соат тӯтивор ҷор мезананд: «Мо барои озодӣ ва демократия мубориза мебарем!»

Вале мардуми хирадпешаи тоҷик дар фазои сулҳу субот ва ором, фазои беғубори дӯстиву ваҳдати миллӣ зиндагии шоиста ба сар мебаранду онҳоро имрӯз ҳоҷат ба шиорҳои дурӯғини ватанфурӯшон нест. Ҳар як шаҳрванди худогоҳи тоҷикистонӣ кирдорҳову каззобии Кабирии хиёнаткор ва шикасти ӯро бо чашми дил мебинаду эҳсос мекунад ва лаънат ба ӯву ба косалесонаш мехонад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
сармуҳаррири ҳафтаномаи «Соҳил»