zoofirma.ru

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.Қабули Конститутсия соли 1994 натанҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногуни демократӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод.

Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишвари мо ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсӣ ва бесарусомониҳо ба миён омаданд.

Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ гузаштани Тоҷикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни Асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонд, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.

Барои ба эътидол овардани вазъият, тағйири комили сохт ва низоми нави давлату давлатдорӣ мо бояд Конститутсияи нав қабул мекардем. Бо ин мақсад Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд. Дар баробари ин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Дар Қонуни асосии мо ин масъалаҳо бо назардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардумии кишварамон дарҷ ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.

Конститутсия заминаҳои асосии сохторҳои давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст".

Ниматов Неъматҷон,

мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва

варзиши шаҳри Гулистон