zoofirma.ru

Падидаҳои экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Имрӯз кишварҳои олам барои решакан намудани ин вабои аср муборизаи беамон бурда истодаанд.

Аз ҷумла, кишвари мо низ дар ин ҷода бетараф нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон ифротгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин ҳисобида, ҳамеша мардумро ҳушдор менамояд, ки аз ин амалҳои номатлуби зараровар дурӣ ҷӯянд. Зеро ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоянд, маҳз аз он нафароне сар мезанад, ки дониши кофии динию дунявӣ надоранд. Аз ин рӯ коршиносон бар ин назаранд, ки пешгирии ингуна равандҳои номатлуб бояд доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум сурат гирад.

Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани экстремизм ва терроризм тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, инчунин давлатҳои оламро барои муттаҳид шудан дар ин кор даъват намуда истодааст. Аммо барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии амалигардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Барои пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти экстремизм ва терроризм усул ва воситаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода бурд.

Бархе муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар давлатҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд. Онҳо ҷавононе ҳастанд, ки саводи динии кофӣ надоранд. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамона амал намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ, ҳуввияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Мо-шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлолияти давлатии худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳии ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Наргиса Сатторова, о

МТМУ №3