zoofirma.ru

Дар гӯшаҳои гуногуни сайёра имрӯз миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид аз оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Имрӯз терроризм чун вабои аср ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид намуда, барои башарият хатари зиёдро ба миён овардааст. Рӯз аз рӯз ин омили хатарзо ба хатари глобалӣ табдил ёфта, боиси ба ҳалокат расидани мардуми бегуноҳ гардидааст. Дар ин замина кишвари мо - Тоҷикистон аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст.

Вусъатёбии фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиву тундгаро ва муаммои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар хоки давлати ҳамсоя - Афғонистон моро водор месозад, атрофи масъалаи мазкур диққати махсус равона созем.

Таъсисёбии чунин созмонҳои экстремистӣ ва рӯй додани амалҳои даҳшатафкан дар гушаву канори олам бештар хусусияти диниро гирифтааст. Таълимот ва мафкураҳои ифротгароӣ аз ҳама зиёд дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон, Лубнон зуҳур карда, амалҳои террористии ин созмонҳо, ҳатто, дар ҳудудҳои Фаронса, Олмон, Белгия, Украина амалӣ гаштаанд.

Имрӯз аз ҷониби зархаридони ин ташкилотҳо дар чандин давлатҳои ободу осудаи ҷаҳон амалҳои террористӣ содир шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оқибатҳои даҳшатноки ин падидаро аз сар гузаронид. Дар баробари ин моро зарур аст, ки барои мубориза бурдан алайҳи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ неруи якҷояи дастаҷамъонаро ба кор барем, ки дар он бояд оила, мактаб, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, дар маҷмӯъ ҳар фарди солимфикру масъулиятшиноси ҷомеа фаъолона иштирок намояд.

Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои бузурги сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст, моро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб омода бошем. Ҳар яки моро лозим аст, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстию масъулияти шахсӣ муқобили ин падидаи манфӣ муборизаи дастаҷамъона барем, то ки суботу оромии ҷомеаамон пойдор бошад ва имконият барои рушди мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми диёр ва барои тарбияи насли ояндасозу бунёдкор шароити моддию маънавӣ фароҳам оварем.

Сорбон Рӯзиев,

директори МТИК-и шуъбаи маориф