zoofirma.ru

Аёдати адибаи адрасмонӣГурӯҳи эҷодкорон бо адибаи адрасмонӣ Қумрӣ Юлдошева, ки тайи чанд сол дар бистари беморӣ мебошад, мулоқот намуданд. Ба бемории худ нигоҳ накарда ин бонуи зиндадил ба эҷоди шеър машғул буда, ашъораш дар саҳифаҳои рӯзномаҳои  шаҳрӣ ва вилоятӣ мунтазам нашр мешаванд.

Дидорбинии адиба бо роҳбари адибони узбекзабони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Урунбой Усмонов, адиби қайроққумӣ Илҳом Раҳим ва намояндаи Ҷамоати Адрасмон Абдулмаҷид Сиддиқов хеле самимӣ ва хотирмон ба вуқӯъ пайваст. Урунбой Усмонов роҷеъ ба маҷмӯаи шеърҳои ба чоп омода намудаи адиба сухан ронда, оид ба завқи баланд ва муҳтавои ашъораш ибрози ақида кард. Дар навбати худ адиба ба доир ба нақшаҳои эҷодиаш ҳарф зада, нисбати ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгириҳои мақомоти маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.