zoofirma.ru

Семинари бозомӯзӣИмруз, 8 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум семинари омӯзишии муштараки вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятӣ ва  шаҳрии Қайроққуму Хуҷанд тибқи нақшаи тарҳрезинамудаи  Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилоят  баргузор гардид.

Семинари омӯзиширо Раиси шаҳри Қайроққум, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зимни баромад таъкид гардид, ки иқдоми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба гузаронидани курси омӯзишӣ барои вакилон хеле муфиду саривақтӣ буда, махсусан ба вакилони бори аввал интихоб гардида аҳамияти муфид дорад. Вакилон бояд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша ҳамкориро густариш дода баҳри амали гардонидани барномаҳои пешазинтихоботии худ тадбирҳои мушаххас андешанд, -зикр дошт Раиси шаҳр.

Семинари бозомӯзӣСипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Анвар Ҷалилов ва Абдусамад Болтуев, профессор, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баромад намуданд. Баромадкунандагон доир ба ваколат, ӯҳдадорӣ, ҳуқуқ, фаъолияти вакилон дар иҷлосияҳо, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ ва қонунҳои ба фаъолияти вакилон марбут буда,   сухан ронданд.