zoofirma.ru

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки нақбканони Адрасмон тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои бунёдкорӣ густариш меёбад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҷамоати шаҳрак ба ободонии роҳҳои дохилӣ ва берунӣ диққати махсус дода мешавад.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода зимни сафари корӣ ба шаҳраки нақбканон дар ҳашари сокинони шаҳрак ва деҳоти он иштирок намуда, бо сокинон мулоқот доир намуд.

Зикр бояд кард, ки мардуми сарбаланди шаҳрак ва деҳоти он барои ободу зебо ва хуррам гардонидани маҳаллаву кӯчаҳо ва роҳҳо дастҷамъона ва муташаккилона ба корҳои бунёдкорӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, шахсони саховатманд, соҳибкорон ва кулли сокинони шаҳраки Адрасмон, деҳаи Зарчашма роҳи мошингарди дохили шаҳрак ва деҳаи номбурда дар масофаи беш аз 6 километр асфалтпӯш гардида, қади роҳҳо низ ободу зебо гардонида шуданд. То ба имрӯз тариқи ҳашари дастҷамъона дар шаҳрак беш аз 12 километр роҳи мошингарди дохилӣ пурра мумфарш гардида, беш аз 33 километр роҳи Хуҷанд-Адрасмон таъмири ҷорӣ карда шудааст.

Дар ҷараёни суҳбат Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз ибтикор ва ғайрати ватандӯстонаи адрасмониён изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба вусъати корҳои хуррамгардонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ, пешгирии интиқоли бемории сироятии КОВИД-19, баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода ва монанди ин ба масъулин дастуру супоришҳо дод.